1000 сухан | хазор сухан


143.02 द्वारा some simpe
Oct 9, 2018

1000 сухан | хазор сухан के बारे में

Whaler Ҳazor Suhan बो zaboni Tochiki | लेखक: Muҳammadi Ҳiҷozӣ

Мухаммади Хичози

Хазор Сухан

САРСУХАН

Ин дастагули тару тоза, суханони ҳикматноку пандомези шевою гуворо, ибороти рехтаю зебо ва матолиби нодир, ки дар маҷмӯаи «ҲАЗОР СУХАН» гирд омада ва ба хонандаи соҳибзавқ пешкаш мешавад, баргу- зидае аз чакидаҳои рӯҳбахши қалами сеҳрофарини Муҳаммади Ҳиҷозӣ, нависандаи нозукбаёни Эрон мебошад.

Саид Муҳаммадбоқир соли 1896 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро дар зодгоҳаш фаро гирифта, ҳамаи илмҳои замонаашро ба хубӣ омӯхт. Хусусан, дар омӯхтани сарфу наҳви форсию арабӣ, адабиёт, ҳандаса ва фалсафаю фиқҳ дастболо шуд. Забонҳои англисӣ ва фаронсавиро ҳам хуб медонист. Ин буд, ки давоми таҳсили ӯ дар Франция, дар риштаи техникӣ, ба вуқӯъ пайваст ва пас аз анҷоми таҳсил Муҳаммади Ҳиҷозӣ ҳамчун мутахассис-муҳандиси радиотехникӣ дорои маълумоти олӣ ба Ватан баргашт... Баъд аз чанд муддат ӯ дар Теҳрон мактаби олии сиёсиро хонда тамом кард...

Муҳаммади Ҳиҷозӣ чанд давра вакили маҷлис буда, дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ кор кардааст. Солҳои 30-юм ӯ ношири маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Эрони имрӯз» буд. Ӯ аксар вақти худро сарфи офаридани асарҳои бадеӣ мекард. Романҳои ӯ «Ҳумо» (1927), «Зебо» (1931). «Парвона» (1953) ва повести «Паричеҳр» (1929), ки дар мавзуъҳои иҷтимоию маишӣ эҷод шудаанд, номи Муҳаммади Ҳиҷозиро ҳамчун нависандаи барҷаста машҳур гардониданд. Мавзуи асосии ин асарҳо сарна- вишти фоҷиавии занони Эрон буда, пеш аз ҳама маҳрумияти онҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳои инсонӣ, мазаммат шудааст.

Як силсила ҳикояву новеллаҳои Муҳаммади Ҳиҷозӣ баёнгари тарзи зиндагӣ, урфу одат ва маишати мардуми миёнаҳоли шаҳр мебошад, ки ба он аз ҷумла ҳикояҳои маҷмуаҳои «Андеша» (1940), «Оина» (1942), «Соғар» (1945) мисол шуда метавонанд. Ин қабил ҳикояҳо оҳанги панду ахлоқӣ дошта, аз ҷиҳати сабки худ ба асарҳои классикии адабиёти Эрон наздикӣ доранд.

Муҳаммади Ҳичозӣ ба жанрҳои мухталиф асар эҷод кардаасг ва дар байни онҳо намоишномаҳо низ ҳастанд, Пиесаҳои панду ахлоқӣ, тарбиявӣ ва таърихии ӯ «Арӯси фарангӣ», «Ҳоҷиҳои мутаҷаддид», «Ҳофиз» ва «Маҳмудоқоро вакил кунед» бисёр саҳнаҳои театрҳоро дидаанд.

Матолиби «ҲАЗОР СУХАН»-ро Ҳочӣ Саидалӣ Камолии Дезфулӣ аз осори ин нависандаи хушсалиқа интихобан ҷамъоварӣ намудааст. Ин ҷумлаю ибораҳои мухтасар, вале пурмазмун дар ҳама мавридҳои зиндагӣ касро ба кор ояд.

Таҳияи ин муаллифот аз рӯи матни китоби «ҲАЗОР СУХАН» (нашри дуюм, чопи Теҳрон, 1341 ҳиҷрии шамсӣ) тавассути муаллифи ин сатрҳо сурат гирифтааст.

Абулҳай АСРОРОВ

Носуруда дар ҷаҳон нағмае нест, аммо ҳар саре овое[1] дорад.

Давои дардҳо ҳама некист ба шарти он ки надонанд шумо некед вагарна нахоҳанд гузошт нек бимонед.

850

Баъзе бе чошнии{1} гуноҳ аз ҳеҷ хуши лаззат намебаранд.

851

Осуда касе, ки дасти худро дар дасти оқилтар аз худ бигзорад.

852

Он ки ҳам (м) и худро сарфи ҳилаву найранг мекунад, агар сарфи ростй кунад, беҳтар натиҷа мегирад.

853

Зӯри баданӣ неъмате аст, ки рӯ ба коҳиш меравад, аммо тавоноии рӯҳ ҳамвора дар фузунӣ аст.

854

Агар ҳамвора барои таҳаммули раиҷ омода бошем, ранҷҳо шарманда аз мо фирор хоҳанд кард.

855

Дар мотами ғуруб чароғи хонаро равшан мекунем ва ба айш менишинем. Дар ғуруби ҷавонй ҳам метавон чароғи ҳикматро дар хонаи дил афрӯхт ва пирона ба айшу ишрат нишаст.

856

Хурофа{2} ва мавҳум зоидаи ҷаҳл аст ва то замоне, ки илми мутлақ насиби башар нагашта, пайваста гирифтори ботилу мавҳум хоҳем буд.

1 Чошни —чашидан, имтиҳон кардан.

2 Хурофа -сафсата, гапи бемаънй.

अतिरिक्त ऐप जानकारी

नवीनतम संस्करण

143.02

द्वारा डाली गई

نادر طارق البحر الهاؤى

Android ज़रूरी है

Android 4.0+

अधिक दिखाएं

Use APKPure App

Get 1000 сухан | хазор сухан old version APK for Android

डाउनलोड

Use APKPure App

Get 1000 сухан | хазор сухан old version APK for Android

डाउनलोड

1000 сухан | хазор сухан वैकल्पिक

some simpe से और प्राप्त करें

खोज करना