Use APKPure App
Get Технология (синфи 7) old version APK for Android
प्रौद्योगिकी (talimi Mehnat बारो pisaron)
Дар ҷараёни омӯзиши касбу хунар шумо ба давоми
технологияи (тарзи) коркарди чӯбу тахта ва филизот,
маданияти корҳои таъмирӣ, тарҳҳои сохтмонӣ, касбу ҳунари
ниёкон шинос мешавед ва мустақилона тарҳҳои эҷодии
дилхоҳатонро мувофиқи фаслҳои барнома интихобан
иҷро менамоед.
Хусусиятҳои омӯхтани «Технологияи коркарди чӯбу
тахта» аз он иборат аст, ки шумо ба хосияти физикию
механикии чӯбу тахта, ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ
ва афзори дуредгарӣ ошно шуда, технологияи пешқадамро
меомӯзед ва маснуоти ҳаётан муҳимро дастӣ ва дар дастгоҳи
харротӣ сохта метавонед.
Дар фасли «Технологияи коркарди филизот», пеш аз
ҳама, ба таснифот ва коркарди ҳароратии пӯлод, намудҳо
ва таъйиноти теғҳои харротӣ, идораи дастгоҳи харротии
рахпечбур ва фрезерӣ шинос шуда, маснуоти заруриро
месозед.
Дар фасли «Касбу ҳунари миллӣ» бофтан аз масолеҳи
табиӣ пешниҳод мегардад, ки он яке аз ҳунарҳои мардумӣ
ба ҳисоб меравад. Ин боб шуморо бо масолеҳ ва хусусияти
онҳо ошно сохта, навъҳои бофтанро меомӯзонад.
Дар фасли «Маданияти корҳои таъмирию сохтмонӣ»
идомаи корҳои андовакуниро омӯхта, бо технологияи ба
девор часпонидани зардеворӣ шинос мешавед.
Эҷодкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон зарур
аст. Маҳз тавассути эҷодкорӣ ҷамъият пеш мераваду рушд
мекунад, яъне техника ва технологияҳои нав эҷод мегарданд.
Эҷодкорӣ доим ба ҳаёт ва тафаккури мо тағйирот
ворид месозад ва барои такмили дониш кумак мерасонад.
Натиҷаҳои иҷрои тарҳҳои эҷодӣ бояд воқеӣ бошанд, го ки
талаботи гузошташударо қонеъ гардонанд. Мо умедворем,
ки шумо - хонандагон аз уҳдаи ин кор сарбаландона
мебароед.
Last updated on Sep 6, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
द्वारा डाली गई
Yahya Ahmiche
Android ज़रूरी है
Android 4.0+
श्रेणी
रिपोर्ट
Технология (синфи 7)
1.0 by Китобхои фаннии точики
Sep 6, 2018