Use APKPure App
Get Таърихи умуми (синфи 11) old version APK for Android
Tarihi Umum (Xingfu 11)
Таърихи чоряки охири асри XX ва ибтидои асри XXI аз нигоҳи
миқёс ва суръати ҷараёни воқеаҳо, ки тамоми соҳаҳои зиндагии
ҷомеаро фаро гирифтаанд, бесобиқа мебошад. Аз миёнаи
солҳои 70-уми асри гузашта буҳрони нави ҷаҳонӣ иқтисодиёти
кишварҳоро фаро гирифт. Ин буҳрон ба инқилоби сеюми саноатию
технологӣ овард, ки ҷузъи таркибии он инқилоби илмӣтехникӣ
буд.
Ба ҳамин давраи таърихӣ таҳаввулоти бузурги сиёсию
иҷтимоӣ: аз байн рафтани низоми сотсиалистӣ, пош хӯрдани
Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе дигар давлатҳои бузурги сермиллат
рост меояд. Дар харобаҳои ин давлатҳои як вақт муқтадир
даҳҳо халқу миллатҳо соҳиби давлати миллӣ гардиданд. Маҳз
дар ҳамин давра Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва баъди 5
соли ҷангу даргириҳои мусаллаҳона, тоҷикон ниҳоят роҳи сулҳ
ва тараққиётро пеш гирифта, мақоми сазоворро дар ҷомеаи
байналмилалӣ соҳиб гардиданд.
Охири асри XX ва ибтидои ҳазораи нав - давраи афзоиши
ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ, авҷ гирифтани амалҳои
баъзан ниҳоят харобиовари террористӣ мебошад.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, тезутунд гардидани
проблемаҳои экологӣ, афзоиши мухолифатҳои вобаста ба ташаккули
низоми нави сиёсии ҷаҳон ба субот ва амнияти ҷаҳонӣ
тахдид мекунанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаҳон
якқутба шуда истодааст. Нақши давлатҳои тараққикарда, ки дар
байни онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) мақоми махсус
дорад, афзоиш меёбад.
Китоби дар дастдоштаи шумо, ба ҳамин масъалаҳо ва дар
маҷмӯъ ба тамоюли умумии рушди таърихи ҷаҳон бахшида
шудааст, Аммо дарс ҳамон вақт ҷолиб ва муфид мешавад, ки
хонанда дар бораи воқеаҳо хулосаи мустақилона ва асоснок
барорад. Ба шумо дар ин кор порчаҳо аз ҳуҷҷату маводи дигар
ёрӣ мерасонанд. Саволҳои охири мавзӯъ дар бисёр маврид хислати
таҳлилӣ доранд ва кори эҷодиро талаб мекунанд. Ҷустуҷӯйи
ҷавоб баъзан аз худи ҷавоб муҳимтар аст.
Сохтори китоб мисли сохтори китоби дарсии синфи 10-ум аст,
ки мо таҳия карда будем. Дар ибтидои ҳар як мавзӯъ саволҳо
гузошта шудаанд, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои асосии
мавзӯъ ҷалб мекунанд. Расму сурат ва карикатураҳо барои
шиносоии зоҳирӣ нестанд. Мавод тавре интихоб шудааст, ки хонанда
бо роҳи ҷустуҷӯйи посух ба саволи зери сурат ё карикатура
маълумоти худро дар бораи мавзӯъ пурратар кунад.
Ба аломатҳои Щ ва □ диққат диҳед: Хонанда бояд фикр
кунад, муқоисаву таҳпил намуда, хулоса барорад. Супоришҳои
мураккабтар бо аломати $ ишора гардидаанд.
Саволу супоришҳо дар заминаи ранги дигар оварда шудаанд,
то диққати хонанда беҳтар ва зудтар ҷалб шавад. Ба ғайр аз ин
сарчашма ва саволу супоришҳо ба онҳо бо хати хурдтар навишта
шудаанд. Хонанда бо осонӣ метавонад онҳоро аз матни асоси
фарқ кунад.
Ҳангоми омӯзиши маводи китоби дарсӣ, аз ҷумла ҷадвалу
диаграммаҳо, маълумоти оморӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба муқоисаи
тамоюли асосӣ ва роҳҳои рушди таърихии мамлакатҳо ва
минтақаҳои мухталиф ҷиддан диққат диҳед.
Last updated on Jul 11, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
Android ज़रूरी है
4.0 and up
श्रेणी
रिपोर्ट
Таърихи умуми (синфи 11)
1.0 by Китобхои фаннии точики
Jul 11, 2018