Use APKPure App
Get СУРАИ ТАВБА old version APK for Android
TAFIRI सुरई TABBA
Сураи Тавба
Сураи 10-уми Қуръон буда, дар Мадина нозил шуда,
аз 129 оят иборат аст
Барои он ин сура «Тавба» номида шудааст, ки дар баъзе оятҳои он калимаи тавба, баёни тавбаи муъминон ва тавбаи шахсоне, ки дар ғазои Табук иштирок накарданд, ба назар мерасад. Дигар номи машҳури ин сура «Бароат» аст, зеро он бо калимаи «Бароат» (безорӣ аз мушрикон) оғоз шудааст. Ба ғайр аз ин, олимони муҳтарам ин сураро бо номҳои гуногун чун: «Мубаъсира» (фошкунандаи рози мунофиқон), «Муқашқаша» (эълони безорӣ аз нифоқ), «Мушаррада» (барҳамзанандаи мунофиқон ва мушрикон). «ал-Мухзия» (хоркунанда), «ал-Фазиҳа» (расвокунандаи мунофиқону мушрикон), «ал-Мусира», «ал-Ҳофира», «ал-Мункала», «ал-Мудамдама» (торуморкунандаи кофирон ва мушрикон) ном бурдаанд. Ҳамчунин ин сураро сураи «Азоб» низ гуфтааанд.
Яке аз хусусияти ин сура он аст, ки он мисли дигар сураҳо дар оғоз ҷумлаи «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим»-ро надорад. Дар бораи сабаби бо «Бисмиллоҳ» оғоз нашудани ин сура чандин ривоят аст:
1-ум: Аз Расулаллоҳ (с) ба котибони ваҳй то охири умрашон амре нашудааст, ки онҳо дар авали ин сура ҷумлаи «Бисмиллаҳир раҳманир раҳим»-ро нависанд. Бинобар ин, Усмон (р) низ дар вақти фароҳамоварӣ ва мураттабсозии Қуръон «Бисмиллоҳ»-ро нанавиштаанд. Асҳоб (р) низ ба амиралмуъминин Усмон (р) иқтидо карда, дар нусхаҳои баъдӣ низ ҷумлаи «Бисмиллоҳ»-ро дар оғози сураи «Бароат» ҷой надоданд.
Аз Усмон (р) пурсида шуд, ки чаро дар авали сураи «Бароат» чун дигар сураҳо «Бисмиллоҳ»-ро нанавиштед? Усмон (р) дар ҷавоб гуфт: Аксари вақт, то реҳлати Расулуллоҳ (с) ҳамроҳ будем, локин дар ин муддат ӯ (с) ҳеҷ нагуфт, ки сураи «Бароат» ҷузъи сураи «Анфол» аст ё не. Аммо сураи «Анфол» дар қатори аввалин сураҳоест, ки дар Мадина нозил шудаанд ва сураи «Бароат» бошад, аз охирин сураест, ки дар Мадина нозил шуд. Аз тарафи дигар, достони сураи «Бароат» шабеҳи достони сураи «Анфол» аст. Ман пиндоштам, ки шояд «Бароат» ҷузъи сураи «Анфол» бошад. Бинобар ин, ду сураро бо ҳам пайвастам ва байни онҳо ояти «Бисмиллоҳ»-ро нанавиштам.
2-юм: Ибни Аббос (р) гуфтааст: Алӣ (к)-ро пурсидам, ки чаро дар аввали сураи «Бароат» ояти «Бисмиллоҳ» навишта нашудааст? Ӯ (к) дар ҷавоб гуфт: Ҷумлаи «Бисмиллоҳ» барои амонист. «Бароат» ҳукми шамшер дошта, бекор сохтан ва пас фарохондани паймонҳоро дар бар гирифтааст, лизо дар он амонӣ нест.
Бо ривоятҳои мӯътабар сураи «Тавба» дар соли нуҳуми ҳиҷрат, яъне як сол баъд аз фатҳи Макка нозил шудааст. Муфассирон чунин гуфтаанд: Вақто ки Расулуллоҳ (с) аз ғазои Табук баргаштанд, андешаи сафари Ҳаҷ карданд. Локин ба ёд оварданд, ки дар ин сол мушрикон ҳам чун солҳои пеш хонаи Каъбаро бо тани бараҳна тавоф мекунанд, эҳсоси кароҳат карданд, ки дар зиёрати хонаи Каъба ҳамроҳи онҳо бошанд. Аз ин рӯ, дар он сол то маносики Ҳаҷро ҳамроҳи мардум ба ҷо оранд, Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро амири Ҳаҷ таин карданд. Вақто ки Абӯбакри Сиддиқ (р) ба қасди Макка Мадинаро тарк намуд, баъди муддате чанд, думболи ӯ (р) Расулуллоҳ (с) ҳазрати Алӣ (к)-ро ҳамроҳи 10-ояти сураи «Тавба» ҳамчу мубаллиғ фиристод, то ин ки он оятҳоро ба мардуми Макка ва ба ҳамаи мардуми дар Ҳаҷ ҷамъомада хонаду расонад. Дар он асно аз тарафи мушрикон паймоншиканӣ бисёр буд. Дар чунин ҳол барои мусалмонон дар аҳди худ боқӣ мондан аҳамият надошт. Чун ҳазрати Алӣ (к) бадон ҷо расиданд, мувофиқи мазмуни он 10-ояте, ки ҳамроҳи худ доштанд, ба мардум эълон намуданд:
1-ум: Ба ғайри инсони муъмин дигар ҳеҷ кас ба Ҷаннат дохил шуда наметавонад. 2-юм: Аз ин баъд набояд ҳеҷ кас хонаи Каъбаро бо тани бараҳна тавоф кунад. 3-юм: Баъди гузаштани ин сол набояд мусалмонҳо ва кофирон бо ҳам дар Масҷидулҳаром ҷамъ оянд. 4-ум: Ҳар касе бо Расулуллоҳ (с) паймон баста бошад, аҳдномааш то поёни муддат эътибор дорад. 5-ум: Ҳар касе бо Расулуллоҳ (с) аҳду паймон надорад, муҳлати аммонии вай чаҳор моҳ асту бас. Майли Ибни Касир бар он аст, ки оғози муддати эълонкардаи Алӣ (к) рӯзи Ҳаҷи Акбар, яъне 10-уми зулҳиҷҷа, соли нуҳуми ҳиҷрӣ ва поёни он даҳуми моҳи рабиулохир, соли даҳуми ҳиҷрӣ буд.
द्वारा डाली गई
Noom Nawanin Amarittawon
Android ज़रूरी है
Android 4.0.3+
श्रेणी
रिपोर्ट
Use APKPure App
Get СУРАИ ТАВБА old version APK for Android
Use APKPure App
Get СУРАИ ТАВБА old version APK for Android